Jump to content

Кайфии Дарвозӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Адиб}} '''Муҳаммадазим Кайфии Дарвозӣ''' ({{lang-fa|کیفئ دروازی}}), маъруф ба '''Мулло Азим''' (? — 1872, Дарвоз) — {{шоир}}и форс-тоҷик. == Зиндагинома == Кайфии Дарвозӣ соҳибдевон будааст, вале девони ашъораш дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Намунаи ашъораш дар дастхатт...
(бе тафовут)

Нусха 11:57, 22 июни 2024

Кайфии Дарвозӣ

Муҳаммадазим Кайфии Дарвозӣ (форсӣ: کیفئ دروازی‎), маъруф ба Мулло Азим (? — 1872, Дарвоз) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

Кайфии Дарвозӣ соҳибдевон будааст, вале девони ашъораш дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Намунаи ашъораш дар дастхатти баёзе ба ёдгор мондааст. Дар сурудани шеър дар қолаби мухаммас, ғазал ва маснавӣ маҳорати баланд дошт. Аксари шеърҳои ӯ ба шеваи мардуми Дарвоз эҷод шудаанд. Кайфии Дарвозӣ ба ҳаҷву мутоиба майл дошт. Ӯ чун шахси зарофатгӯй дар ашъораш алфозу таъбирҳои ҳаҷвомезро зиёд ба кор бурдааст. Дар баъзе шеърҳояш оҳанги яъсу навмедӣ ва дилшикастагӣ эҳсос мешавад, ки, бешубҳа, бар асари нобаробариҳои иҷтимоӣ ва ногувориҳои зиндагӣ ба миён омадаанд.

Намунаҳои ашъор

Ҷуз сарпаноҳ дигар меъморҳо чӣ лозим?
Сар найза бурд боло, деворҳо чӣ лозим?
Бо умрҳои кӯтоҳ як козае басандаст,
Бар ҷони худ ниҳодан озорҳо чӣ лозим?
Ғайр аз сабилмонда ин гетӣ дар амал нест,
Дар водии сабилӣ ин дорҳо чӣ лозим?
Дунё вафо надорад бар насли ҳеч инсон,
Марг аст дар каминат, ин корҳо чӣ лозим?
Фарз аст сатри аврат, як жандае кифоя,
Кардан матои дунё бисёрҳо чӣ лозим?
Пешинаҳо шунидӣ, баъдинаҳо ту дидӣ,
Кайфӣ, аз ин зиёда такрорҳо чӣ лозим?

Дар шеърҳои ҳаҷвии ба лаҳҷаи дарвозӣ эҷодкардаи Кайфии Дарвозӣ низ вазн ва қофияи ғазал риоя шудааст:

То пир гараме одам, қомат гараме чахта,
Дар чахта пайи дунё, месоза чахочахта.
Ҳирсу ҳаваси дунё лоиқ ба ҷувун дора,
Пирона муносиб чист, оқирваи прпхта...
Пире, ки ҷувунтабъ аст, ӯ бобаи шайтун аст,
Дӯзах барамун фардо, шайтун қатӣ бадбахта.
Бас кай кшӣ, эй Кайфӣ, фосиқмазаи фисқа?
Дӯзах бгира фардо, бай кофара дӯзахта.

Эзоҳ

Адабиёт