Jump to content

Винти шиноварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Винти шиноварӣ, чархи обӣ — ҳаракатдиҳандаи нисбатан маъмули киштӣ, инчунин асоси сохти ҳаракатоварҳои намудҳои дигар.

Винти шиноварӣ аз гупчаки паррадор (шумораи парраҳо 2 ва аз он бештар) иборат буда, парраҳо дар фосилаи баробар аз ҳамдигар ва нисбат ба меҳвари тӯлии навард андаке моил ҷойгир шудаанд. Винти шиновариро ба нӯги наварди шиноварӣ, ки бо ёрии муҳаррики киштӣ тоб мехӯрад, васл мекунанд. Ҳангоми тоб хӯрдани Винти шиноварӣ ҳар як парра ҳаҷми муайяни обро гирифта, ба ақиб мепартояд. Дар натиҷа суръати меҳварӣ ва атрофии Винти шиноварӣ афзуда, қувваи вокуниши оби ба ақиб партофташуда киштиро ба ақиб ё пеш (вобаста ба чархзании Винти шиноварӣ) тела медиҳад.

Ақидаи ҳамчун ҳаракатовар истифода бурдани винти шиновариро ҳанӯз соли 1752 механик ва математики швейсариягӣ Даниил Бернулли ва баъдтар ихтироъкор-механики шотландӣ Ҷеймс Уатт пешниҳод карда буданд. Вале Винти шиноварӣ танҳо соли 1836 аз тарафи ихтироъкори англис Френсис Смит дар киштии хурди зарфияташ 6 т корбаст шуд. Ин таҷрибаи Ф. Смит боиси таъсис ёфтани ширкате гардид, ки аз маблағи он киштии зарфияташ 237 т. бо номи «Архимед» сохта шуд. Дар як вақт бо Ф. Смит, новобаста ба ӯ, муҳандис ва ихтироъкори амрикоӣ Ҷон Эрикссон низ Винти шиновариро ҳамчун ҳаракатовар истифода бурда, киштии винтдор сохт ва бо он ба Амрико сафар кард. Винтҳои шиноварии яклухти парраҳояшон якҷо бо гупчак рехташуда (собит ё ҷудонашаванда), парраҳояшон ҷудошаванда, парраҳояшон ҳаракаткунанда ё тобхӯранда (ба ном винтҳои танзимшаванда) мешаванд. Винти шиновариро аз латун, биринҷӣ, чӯян, пӯлод ва аз хӯлаҳои махсус (мас., куниал) месозанд. Солҳои охир барои сохтани Винти шиноварӣ пластмассаро низ истифода мебаранд.